Вазорати кишоварзии Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор тонна тухмии гандум захира намудааст
ДУШАНБЕ, 06.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар мамлакат дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 45 ҳазору 268,8 тонна гандум, 480,8 тонна шолӣ, 6 ҳазору 444,1 тонна дигар ғалладонагиҳо, 751,0 тонна лӯбиёгиҳо, 1083,3 тонна ҷуворимакка ва 36697,7 тонна картошкаи тухмӣ захира шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат итилоъ медиҳад.
Тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсолоти кишоварзӣ мавқеи асосӣ дорад. Афзун намудани истеҳсоли зироати кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо аз истифода бурдани тухмиҳои сертификатсияшуда вобастагии калон дорад. Вазифаи асосии тухмипарварӣ таъмин намудани хоҷагиҳо бо тухмии сертификатсияшуда, нигоҳ доштани тозагии навъҳо ва хусусиятҳои биологии онҳо мебошад.
Ба иттилои Корхонаи воҳиди давлатии «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон», имсол корхона бо ширкати Агрохимияи Федератсияи Россия оид ба ворид намудани гандуми тухмии гурӯҳи элитаи навъҳои «Московская-56», «Московская-39» ва «Мироновская – 808» шартнома ба имзо расонид.
То 21 ноябри соли равон ҳашт қатора (вагон) гандум бо ҳаҷми 526 тонна ба ҷумҳурӣ ворид гардида, 350 тоннаи он ба хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас гардид. Ҳоло тибқи рӯйхати мавҷуда он ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим шуда истодааст.








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






