Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои шаҳрвандон беш аз 5 ҳазор ҷойи кор муҳайё намудааст
ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нафарони корҷӯ ва дорои касб аз рӯи равияҳои мухталиф 5242 ҷойи кори холиро дар 1039 корхонаву ташкилоти гуногуни ҷумҳурӣ муҳайё намудааст, ки шаҳрвандон метавонанд дар ин ҷойҳо ба фаъолияти меҳнатӣ пардозанд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Фаъолият дар корхонаву ташкилот аз рӯи равия ва ихтисосҳои кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, нақлиёт ва алоқа, идораи давлатӣ ва мудофиа, савдо ва хизматрасонии маишӣ, саноат, энергетика, сохтмон, тандурустӣ, молиявӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар намудҳои фаъолият буда, корҷӯён метавонанд тавассути сомонаи расмии www.kor.tj худро ба қайд гирифта, соҳиби ҷойи кор шаванд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандон ва корфармоёни мамлакат мерасонад, ки онҳо низ метавонанд тавассути сомонаи мазкур беҳтарин мутахассисони соҳаҳои гуногунро пайдо намуда, бо онҳо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонанд.








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






