Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дидан намуд
ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон боздиди роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.
Бо ин мақсад Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҷараёни омодагии Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ», ки дар ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, дидан намуд.
Дар ҷараёни боздид масъулини марказ ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, ки барои хуб ва муътадил гузаронидани фасли зимистон дар муассисаи мазкур захираи кофии сӯзишворӣ ва маводи хӯрокӣ муҳайё карда шудааст. Ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ошхонаи муассисаи зикршуда дидан намуда, бо ҷараёни хизматрасонӣ ба бошандагони он шинос шуд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.










Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад






