12 нафар занони ноҳияи Сангвор сазовори грантҳои президентӣ гардидаанд

Январь 13, 2021 11:25

САНГВОР, 13.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2014 то соли 2020 12 нафар бонувони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Сангвор ба маблағи умумии 390 000 сомонӣ сазовори грантҳои президентӣ шудаанд. Дар айни замон ин бонувон ба фаъолияти гуногуни кишоварзию соҳибкорӣ  машғул буда, зиёда аз 30 нафар занони дигарро бо ҷойи кор таъмин  намудаанд. Дар ин бора мудири бахши кор бо занон ва оилаи  ноҳияи Сангвор Малоҳат Донаева ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Субҳониддини Маҳмуд хабар дод.

Бояд гуфт, ки ҳамасола ҷиҳати рушди соҳибкории хурду миёна  барои занони деҳоти ҷумҳурӣ грантҳои президентӣ ҷудо мегарданд, ки дар натиҷаи татбиқи дурусти онҳо дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ  ҷойҳои нави кории зиёд пайдо мегарданд.

Шароити кӯҳистони ноҳияи Сангвор бештар ба фаъолияти занбӯрпарварӣ мутобиқ буда, 5 гранти президентӣ дар ноҳия ба ин самт равона шудааст.

Инчунин аз ҳисоби грантҳои президентӣ коргоҳи дӯзандагӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ, коргоҳи парвариши мурғи марҷон ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ, коргоҳи истеҳсоли шир ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ, корхонаи хурди мурғпарварӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ, коргоҳи тайёр кардани равған ва шарбат аз ангат ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ва коргоҳи рушди ҳунарҳои мардумӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ бунёд гардидаанд.

Малоҳат Донаева мегӯяд, ки “мо, бонувони ноҳияи Сангвор кӯшиш менамоем, ки ба ғамхориҳои Сарвари давлат сазовор гардида, дар амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии мамлакат саҳми арзанда гузорем”.

Январь 13, 2021 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст