ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкор Раҳим Юсупов дар Истаравшан корхонаи мурғпарварӣ бунёд намуд

Январь 7, 2021 13:22

ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳим Юсупов корхонаи мурғпарварӣ бунёд гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар марҳилаи аввал дар корхона 5000 мурғ парвариш мешаванд.

Ҳамчунин дар шаҳри Истаравшан то ҷашни Наврӯз корхонаи ҶДММ «Се стандарти кӯҳкорӣ» барои истеҳсоли оҳак  ба фаъолият оғоз менамояд.

Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидаанд. Айни ҳол мутахассисон ба насбу васли ин таҷҳизот оғоз намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 июни соли 2020 дар деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан ду хати нави технологии истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан, афшураву шарбат ва ғизои кӯдаконаро бо шаҳду шарбат ва мураббои мевагӣ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» мавриди истифода қарор доданд.

Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва содироти бештари маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи мамлакат дастуру супориш доданд.

То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан бунёди 450 иншоот дар назар дошта шудааст. Аз ин шумора 267 – тои он мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Январь 7, 2021 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд