Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона бо Урдун муайян гардид
ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футболу бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев рӯйхати бозингаронро барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона бо дастаи мунтахаби миллии Урдун ( 1 ва 5 феврал) муайян намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ба рӯйхати мазкур 23 бозингар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 9 муҳофизатгар, 7 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳамлагар шомил шудаанд. Аз аъзои дастаи миллии Тоҷикистон, ки дар дастаҳои хориҷи кишвар бозӣ мекунанд, ҳамагӣ ду кас – муҳофизатгари «Бунёдкор»-и Тошканд Давронҷон Эргашев ва ниммуҳофизи «Навбаҳор»-и Намангон Эҳсони Панҷшанбе даъват шудаанд. Чанде аз бозингарон, ки дар бошгоҳҳои хориҷи мамлакат баромад доранд, вобаста ба вазъияти ҳамагир наметавонанд дар бозиҳо ба муқобили Урдун иштирок намоянд.
Омодагиҳо ба бозиҳоро бо миллипӯшони Урдун, ки 1 ва 5 феврал дар Дубай баргузор мешаванд, дастаи миллии Тоҷикистон 27 январ дар Душанбе шурӯъ мекунад. Рӯзи шанбеи 30 январ ҳайати намояндагии дастаи мунтахаби миллии кишвар ба Дубай парвоз карда, омодагиро он ҷо идома медиҳад.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар бозиҳои дӯстона бо дастаи миллии Урдун:
Даврозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Мӯҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);
Муҳофизон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);
Ниммуҳофизон: Эҳсони Паншанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).
Сармураббӣ – Усмон Тошев (Ӯзбекистон).
Бозиҳои дӯстона
1 феврал (душанбе)
Урдун – ТОҶИКИСТОН
Дубай, ИМА
5 феврал (ҷумъа)
Урдун – ТОҶИКИСТОН
Дубай, ИМА
АКС аз ФФТ








Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид






