Ҳалокати чаҳор нафар дар натиҷаи бетартибиҳо дар Вашингтон
ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни эътирозҳо дар Вашингтон чаҳор нафар ҳалок шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости»хабар медиҳад, дар ин хусус роҳбари полиси маҳаллӣ Роберт Конти иттилоъ додааст.
Қаблан дар бораи ҳалокати собиқадори неруҳои ҳавоӣ Эшли Баббит, ки сахт маҷрӯҳ шуда буд, хабар пахш гардид.
“Як корманди полиси Капитолий бо силоҳи хидматиаш ба сӯи зане оташ кушод. Вай ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол дода шуд ва бо вуҷуди тамоми талошҳо барои наҷоти ҷонаш ҳалок гардид… Ғайр аз ин, имрӯз дар бораи се ҳолати ҳалокати дигар дар назди Капитолий хабарҳо ворид шуданд”, — иброз намуд Конти.
Ба гуфтаи ӯ, се нафар дар натиҷаи ҳодисаҳое фавтидаанд, ки «ёрии таъҷилии тиббиро талаб мекарданд». Ҳамаи фавтидагон калонсол буданд.
Конти илова кард, ки дар ҷараёни эътирозҳо 52 нафар боздошт шуданд, баъзеи онҳо барои ғайриқонунии нигоҳ доштани силоҳ ва аксари онҳо барои вайрон кардани соати комендантӣ, ки дар ҳавзаи марказии Колумбия ҷорӣ шудааст.
Рӯзи чоршанбе дар теппаи Капитолий бетартибиҳо сар заданд, эътирозгарони тарафдори Трамп ба бинои конгресс зада даромаданд. Пеш аз ин, Трамп дар як гирдиҳамоӣ дар назди ҷонибдоронаш баромад кард ва аз онҳо даъват кард, ки ба Капитолий бираванд.
Баъдтар президенти амалкунанда аз тарафдоронаш хоҳиш кард, ки пароканда шаванд ва ба хонаҳояшон баргарданд.
АКСИ: News.myseldon.com








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






