Ҳалокати чаҳор нафар дар натиҷаи бетартибиҳо дар Вашингтон

Январь 7, 2021 10:59

ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни эътирозҳо дар Вашингтон чаҳор нафар ҳалок  шуданд. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости»хабар медиҳад, дар ин хусус роҳбари полиси маҳаллӣ Роберт Конти иттилоъ додааст.

Қаблан дар бораи ҳалокати собиқадори неруҳои ҳавоӣ Эшли Баббит, ки сахт маҷрӯҳ шуда буд, хабар пахш гардид.

“Як корманди полиси Капитолий бо силоҳи хидматиаш ба сӯи зане оташ кушод. Вай ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол дода шуд ва бо вуҷуди тамоми  талошҳо барои наҷоти ҷонаш ҳалок гардид… Ғайр аз ин, имрӯз дар бораи се ҳолати ҳалокати дигар дар назди Капитолий хабарҳо ворид шуданд”, — иброз намуд Конти.

Ба гуфтаи ӯ, се нафар дар натиҷаи ҳодисаҳое фавтидаанд, ки «ёрии таъҷилии тиббиро талаб мекарданд». Ҳамаи фавтидагон калонсол буданд.

Конти илова кард, ки дар ҷараёни эътирозҳо 52 нафар боздошт шуданд, баъзеи онҳо  барои ғайриқонунии нигоҳ доштани силоҳ ва аксари онҳо барои вайрон кардани соати комендантӣ, ки дар ҳавзаи марказии Колумбия ҷорӣ шудааст.

Рӯзи чоршанбе дар теппаи Капитолий бетартибиҳо сар заданд, эътирозгарони тарафдори Трамп ба бинои конгресс зада даромаданд. Пеш аз ин, Трамп дар як гирдиҳамоӣ дар назди ҷонибдоронаш баромад кард ва аз онҳо даъват кард, ки ба Капитолий бираванд.

Баъдтар президенти амалкунанда аз тарафдоронаш хоҳиш кард, ки пароканда шаванд ва ба хонаҳояшон баргарданд.

                                                            АКСИ: News.myseldon.com 

Январь 7, 2021 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид