Аз 1 то 9 январ вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон мулоқот мегузаронанд

Январь 4, 2021 10:32

ДУШАНБЕ, 4.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 9 январи соли 2021 мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон сурат мегирад. Тибқи ин дастур, вакилони мардумӣ ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар намуда, доир ба масъалаҳои рӯзмарраи мардум бо онҳо дидору гуфтугӯи корӣ анҷом медиҳанд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар зарфи 9 рӯз вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оид ба дастовардҳои корӣ, мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, суҳбат мекунанд. Инчунин вазъи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат манзури интихобкунандагони мамлакат мегардад.

Вакилони мардумӣ зимни ҳар нишаст дар баробари андешаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилии худ ҳамзамон ба саволу дархости интихобкунандагон посух мегӯянд.

Январь 4, 2021 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад