Аз кишвари аграрӣ — индустралӣ ба кишвари индустралӣ – аграрӣ- яке аз самтҳои афзалиятноки Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Январь 14, 2021 12:41

ДУШАНБЕ, 14.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ (26 декабри соли 2019) Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки то охири соли 2020 Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2021-2025 қабул намояд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР перомуни ҳамин супориши Президенти мамлакат бо муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой СОЛЕҲЗОДА суҳбат намуд, ки манзури  хонандагони сомона мегардонем.

АМИТ «Ховар»: Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия шудааст ва он  кадом масъалаҳои муҳимро фаро мегирад? 

Ашурбой Солеҳзода: Тибқи дастуру супоришҳои Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба ҷиҳатҳои сифатии рушд назар карда шуд ва ҷиҳати амалишавии босамари Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (СМР-2030) аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар се зина гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар муҳлати муайянгардида лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол гардид.  Албатта, СМР-2030 дар се марҳилаи панҷсола тадбиқ карда мешавад ва аллакай марҳилаи аввали он, яъне тавассути Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба итмом расида, марҳилаи дуюми он оғоз гардид.

Ба таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 коршиносони миллӣ ва мутахассисони ҳирфаӣ ҷалб карда шуданд. Барномаи нав дар асоси сабақҳои омӯхта аз татбиқи барномаи қаблӣ таҳия шуда, дар он таҳлили иқтидори соҳаҳо, тадбирҳои зарурӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои пешбинишуда, роҳҳои кам кардани таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисоди миллӣ, манбаҳои нави рушд ва дигар масъалаҳои муҳим дарҷ карда шуданд.

АМИТ «Ховар»: Тибқи барномаи нав таваҷҷуҳи асосӣ ба кадом самт равона хоҳад шуд?

Ашурбой Солеҳзода: Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд қадам ниҳода истодааст, ки ин бевосита ба самти тадбиқи чор ҳадафи умумимиллӣ равона шудааст. Пеш аз ҳама, ҳадафи чорум, яъне саноатикунонии босуръати давлат пешбинӣ менамояд, ки ҷумҳурӣ аз кишвари аграрӣ — индустралӣ ба кишвари индустралӣ – аграрӣ табдил дода шавад. Яъне истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, коркарди ашёи хоми ватанӣ, тақвияти иқтидорҳои амалкунандаи истеҳсолӣ ва ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ дар ин самт ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад ва асосан ба бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ такя карда мешавад. Маҳз саноатикунонии босуръати мамлакат ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот метавонад ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшад, ҷойҳои нави корӣ ва арзиши баланди иловашуда дар соҳаҳои коркард ба даст оварда шаванд.

АМИТ «Ховар»: Дар Барномаи мазкур кадом манбаъҳои нави рушд муйаян карда шудаанд?

Ашурбой Солеҳзода:  Аз ҷумлаи манбаҳои нави рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ин зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда дар соҳаҳои истеҳсолоти миллӣ, истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, истеҳсоли неру аз манбаҳои барқароршавандаи энергия, рушди иқтисодиёти рақамӣ,  рушди саноати мошинсозӣ, дорусозӣ, рушди бозори молиявӣ ва фарогири молиявӣ, истифодаи имконияти транзитии кишвар ва рушди сайёҳӣ, расмикунони иқтисодиёти пинҳонӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва дигар самтҳо маҳсуб меёбанд, ки дар барнома онҳо муфассалтар бо муайян кардани имконият ва дараҷаи тадбирҳои асосие, ки барои ноил гаштан имконпазиранд, нишон дода шудаанд. Яъне манбаҳои нави рушд дар асоси таҳлили ҳаматарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконият, ҳадафҳо ва дурнамои иқтисодиёти ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидаанд. Ҳамзамон дар оянда Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсолкунандаи калонтарин неруи барқи сабз дар минтақа мубаддал мегардад. Дар баробари ноил шудан ба ҳадафи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти васеи ба кишвари транзитӣ мубаддал гардидан низ дорад. Чунки мавқеи ҷуғрофии мамлакат, ки Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ мепайвандад, аз ҷумла ҷойгиршавӣ дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим барои транзити молу воситаҳои нақлиёт мусоид аст. Ҳамзамон бо ин имконияти калони рушди сайёҳӣ дар кишвар вуҷуд дорад.

Дар асоси рушди иқтидорҳои нави энергетикӣ имконияти бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ дар саноати мошинсозӣ, металлургия, кимиё, саноати сабуку хӯрокворӣ бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ зиёд мегардад. Мисоли намоёни ташаккули саноати мошинсозӣ- ин ташкили корхонаи муштараки истеҳсоли автобусҳо дар шаҳри Душанбе мебошад.

Ҷабҳаи дигари иқтисодиёт- ин истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза  маҳсуб меёбад. Маҳз рушди саноати хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки на танҳо амнияти озуқаворӣ дар кишвар таъмин гардад, балки маҳсулоти мо ба бозорҳои хориҷа содирот карда шавад. Имрӯзҳо дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза хеле зиёд шуда истодааст ва махсусан таваҷҷуҳи кишварҳоди Иттиҳоди Аврупо, Росия, Чин ва ғайра ба он зиёд мебошад. Мо дар ин самт, яъне зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он  имконияти зиёд дорем.

АМИТ «Ховар»: Барномаи нави миёнамуҳлати рушд барои панҷ соли оянда дар ҳоле таҳия шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба буҳрони азими молиявию тандурустӣ гирифтор шудаанд ва он дар натиҷаи бемории сироятии COVID-19 ба вуҷуд омад. Албатта, ин раванд то ҳанӯз ҳам идома дорад ва фарзияҳои мушкилтар шудани вазъ дар ҷаҳон пешгӯӣ мешаванд. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири ин беморӣ мустақиман расид. Бо таваҷҷуҳ ба хавфҳои ҷойдошта то куҷо амалӣ шудани барнома имконпазир аст?

Ашурбой Солеҳзода: Дар Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 сенарияи асосӣ-ин сенарияи шидатноки рушд аст, ки ҳамасола афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилиро на кам аз 7-8 фоиз пешбинӣ менамояд. Дар баробари ин дар барнома сенарияҳои дигар ҳам пешбинӣ карда шудаанд, ки эҳтимоли ба вуҷуд омадани он хеле кам аст. Дар барнома инчунин чораҳо барои бартараф намудани таъсири омилҳои манфии беруна пешбинӣ гардидаанд. Таҷрибаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи буҳрони Covid-19 андӯхташуда нишон дод, ки тадбирҳои фаврии андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз аз моҳи марти соли 2020 натиҷаҳои мусбат нишон доданд. Вақте ки ҳоло ин беморӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда буд, Ҳукумати кишвар Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси СOVID-19-ро ба иқтисодиёти миллӣ аз 19 марти соли 2020 қабул намуд, ки татбиқи он идома дорад. Гарчанде ки чораҳои карантинӣ дар баъзе соҳаҳо ҷорӣ гардид, валекин фаъолияти муназзами соҳаҳои кишоварзию саноат таъмин карда шуд ва ҳамин буд, ки шиддати буҳрони ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбатан камтар таъсир расонид. Бо назардошти ҳамин дар Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025  эҳтимоли таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ ва чораҳои пешгирӣ кардани онҳо пешбинӣ гардидааст. Маҳз барои ҳамин дар манбаҳои нави рушд истифодаи иқтидорҳои дохилӣ бештар ба назар гирифта шудааст, ки мо бояд ин имкониятро самаранок истифода барем. Яъне истифодаи васеи манбаҳои нави рушд дар барнома ҳамчун омили пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ пешбинӣ карда шудааст.

АМИТ «Ховар»: Саноатикунонии босуръат- ин ҳадафи чорум аст ва дар барномаи нав низ таваҷҷуҳи асосӣ маҳз ба ин самт равона шудааст. Тавре маълум аст, барои амалӣ шудани ин ҳадаф сармоя нақши асосӣ дорад, ки мутаассифона, бемории Covid-19 ба ин раванд латма ворид намуд.  Яъне ҳаҷми сармоягузорӣ соли 2020 ночиз буд ва бо идома ёфтани ин вазъият чӣ бояд кард? Дар ин маврид тадбири дигаре андешида шудааст?

Ашурбой Солеҳзода: Албатта, бо таваҷҷуҳ ба паҳншавии бемории коронавирус ва шиддат ёфтани буҳрони иқтисодӣ он нақшае, ки сармоягузорон барои сармоягузорӣ ба ин ё он кишвар доштанд, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон каме мавқуф гузошта шуд. Лекин оғоз аз моҳҳои август ва сентябри соли 2020 тамоюли афзоиши нисбии сармоягузориҳо ба назар расид. Мисоли равшани он мавриди истифода қарор гирифтани даҳҳо корхонаҳои хурду бузург дар Тоҷикистон буд, ки дар ифтитоҳи як қатори онҳо бевосита  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд. Тибқи нақшаҳои тарҳрезинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020-2025 дар назар аст, ки соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар ҷумҳурӣ боз корхонаҳои нав ба нав таъсис диҳанд ва дар ин самт аллакай чандин созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шудаанд.  Албатта, ин гуна буҳронҳо кӯтоҳмуддатанд ва пешгӯӣ мешавад, ки дар ояндаи наздик сатҳи сармоягузорӣ дар ҷаҳон барқарор гардад. Махсусан шароиту имконияти Тоҷикистон хеле зиёд аст ва сармоягузорон низ таваҷҷуҳи худро ба кишвари мо дигар накардаанд. Танҳо андешидани тадбирҳо ва идомаи корҳо дар самти беҳсозии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Умедворем, ки бо бунёди корхонаҳои саноатӣ Тоҷикистон дар панҷ соли оянда ба давлати индустриалӣ-аграрӣ   табдил меёбад.

Январь 14, 2021 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад