АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Яке аз супоришҳои Паёми соли 2019 таҳияи «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» буд. Оё он амалӣ гардид?

Январь 18, 2021 15:58

ДУШАНБЕ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ масъулони соҳаро вазифадор намуданд, ки то охири соли 2020 дар асоси «Консепсияи иқтисоди рақамӣ» «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода гуфт, ки «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар доираи гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ таҳия ва охири моҳи декабри соли 2020 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ирсол гардидааст.

Ба гуфтаи Ашурбой Солеҳзода, мақсади таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин ҷорӣ намудани технологияиҳои иттилоотонии рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ мебошад. Барномаи мазкур барои гузариш ба хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, афзоиши даромади буҷет, беҳтар намудани  сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини шаффофият, содагардонии расмиёт ва ҷалби технологияҳои муосир мусоидат менамояд.

«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо назардошти омӯзиши таҷрибаи давлатҳои хориҷи дуру наздик, инчунин дар заминаи он вазъи гузариши соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба иқтисоди рақамӣ, сатҳи технологияи рақамӣ дар соҳаҳо, дастовардҳо ва мушкилот ҷиҳати дастрасӣ ба сатҳи зарурии технологияи иттилооти коммуникатсионии рақамӣ ва инфрасохтори он таҳия гардидааст.

Аз ҷумла, дар доираи барнома то соли 2025 8 самти асосии рушди иқтисоди рақамӣ дар ҷумҳурӣ пешбинӣ мешавад:

— таҳкими асосҳои иниститутсионалии иқисоди рақамӣ;

— рушди инфрасохтори технологияи иттилооти коммуникатсионӣ дар минтақаҳои кишвар;

— рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ;

— вусъатдиҳии ҷараёни амалишавии ҳукумати электронӣ;

— сармоягузорӣ ва  неруи инсонӣ дар самти иқтисоди рақамӣ;

— ташкили экосистемаи инноватсионӣ ва стартапҳо;

— низоми ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва амалигардонии иқтисоди рақамӣ;

— сармоягузорӣ барои татбиқи иқтисоди рақамӣ.

Барои гузариш ба ин тарзи иқтисодиёт корҳои муҳиме анҷом ёфтаанд, вале коршиносон мегӯянд ҳанӯз ҳам мушкилиҳои зиёде барои гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ҷой доранд. Аз ҷумла, суръати пасти интернету гарон будани арзиши он, дастрасӣ надоштани вазорату идораҳо ба технологияҳои навтарини муосири иттилоотӣ, огоҳӣ надоштани аҳолӣ аз фановариҳои технологӣ  аз зумраи ин мушкилиҳо дониста мешаванд.

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода мегӯяд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти болозикр, аз ҷумла дастрасӣ ба интернети босифату арзон ва воридоти технологияҳои муосир дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ сарчашмаҳои имконноки маблағгузорӣ муайян карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки иқтисодиёти рақамӣ- ин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷомеаи иттилоотӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ дар заминаи истифодаи технологияҳои рақамӣ дониста мешавад.

Он иқтисодест, ки дар асоси технологияи рақамӣ, хусусан мубодилаи электронӣ бо истифодаи интернет амал мекунад. Аз ин ҷост, ки  рушди технологияи иттилоотиро яке аз омилҳои муҳимтарини фаъолияти самараноки  иқтисоди миллӣ медонанд ва дар шароити кунунӣ инкишофи бомароми ин соҳа хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои хориҷӣ аз 12 то 36 фоизро ташкил дода, дар оянда тамоюли афзоянда дорад.

Ба андешаи мусоҳиби мо, иқтисоди рақамӣ аз ҳар ҷиҳат манфиатнок буда, барои истеъмолкунандагон муфид мебошад, омилҳои коррупсиониро аз байн мебарад ва шаффофияти истифодаи маблағҳоро таъмин месозад. «Маҳз  дар давраи пандемияи бемории Covid-19  тиҷорати электронӣ васеъ паҳн шуда, бартарияти худро нишон дод. Дар кишварҳои тараққикарда соли 2020 ҳисаи бештари савдоро савдои электронӣ ташкил  додааст»,- гуфт А. Солеҳзода.

Ҷорӣ гардидани иқтисоди рақамӣ дар самту соҳаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасонӣ омили инсониро аз байн мебарад ва шаффофияти гардиши амалиёти молиявиро таъмин менамояд.

Дар самти супоридани андоз аз тариқи электронӣ Маркази низоми  худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт, яъне «Шаҳри бехатар», низоми биллингии пардохти электронӣ барои ҳаққи қувваи барқ, хариду фурӯши ғайринақдӣ (тавассути кортҳои бонкӣ), ҳамзамон барои соддаву шаффоф гардонидани равандҳои хизматрасонӣ тартиби пардохти электронии боҷи давлатӣ ба воситаи  кортҳои пардохтӣ аз зумраи  қадамҳои нахустин дар роҳи рушди иқтисоди рақамӣ дар мамлакат дониста мешаванд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Январь 18, 2021 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд
Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкории саноатиро тақвият медиҳанд
Соҳибкорони Тоҷикистон ва Италия ба маблағи зиёда аз 160 миллион доллари амрикоӣ санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд