Ба кишоварзони ноҳияҳои Деваштич ва Шаҳристон трактор ва комбайн супориданд
ДУШАНБЕ, 5.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба кишоварзони ноҳияҳои Деваштич ва Шаҳристон трактори тамғаи МТЗ ва комбайн супорида шуд. Дар маросими супоридани техникаҳои кишоварзӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири кишоварзии мамлакат Сулаймон Зиёзода ва роҳбари Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, ба кишоварзони ноҳияҳои Деваштич 9 адад трактори тамғаи МТЗ, 8 комбайн ва ба ноҳияи Шаҳристон 7 адад трактори тамғаи МТЗ тақдим гардид.
Раиси вилояти Суғд зимни супоридани техникаҳои кишоварзӣ таъкид кард, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, барои таъмин намудани кишоварзон бо техникаҳои зарурӣ аз тамоми имконият истифода бурда мешавад. Дар ин росто бо ҷалби шарикони рушд ва татбиқи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” ба ноҳияҳои Деваштичу Шаҳристон дар маҷмӯъ 16 трактори тамғаи МТЗ, 8 комбайн ва дигар мошинолот ворид ва ба хоҷагидорони ин ноҳияҳо дастрас гардид,анд.
Ин техникаҳои шудгоркунанда, комбайнҳои ғалладарав ва мошинолот ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ мусоидат мекунанд.
Созишномаи молиявӣ оид ба Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ба имзо расида, дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Деваштич, Шаҳристон, Дӯстӣ, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷайҳун амалӣ карда мешавад.










Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






