Ба сокинони ноҳияи Шоҳмансур иҷрои талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида шуд
ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71-и ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сокинони маҳаллаҳои Ховарон, Зебуниссо, минтақаи 13, 14 ва 15 вохӯрии судманд гузаронида шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Баргузор намудани вохӯриҳо дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати пурзӯр намудани пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, инчунин ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, фурӯш ва муомилоти маводи мухаддир ва иҷрои талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидааст.
Зимни мулоқот муовини якуми Раиси ноҳия, намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзиму анъана ва ҷашну маросими миллӣ ва дигар сохторҳои марбута сухан гуфтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






