Бар асари таркиш ва ҳамлаи мусаллаҳона дар Кобул се нафар кушта шуданд

Январь 22, 2021 08:25

ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ду ҳодисаи рухдода дар Кобул се нафар кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Вазорати корҳои дохилии Афғонистон изҳор намудааст, ки дар ҳодисаи аввал, дар як мошини “Corolla” шоми 21.01.2021с. дар минтақаи Доруламони ноҳияи  шашуми амниятии Кобул минаи магнитӣ таркидааст, ки дар натиҷа як нафар кушта ва ду тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар рӯйдоди дуввум, як автомашинаи артиш дар минтақаи Кортаи Сангии ноҳияи панҷуми амниятии Кобул мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос қарор гирифт ва дар натиҷа ду сарбоз кушта шуданд.

Полис мегӯяд, ки ин ду ҳодиса таҳқиқ мешаванд.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки ҳодисаи дуввумро шӯришиёни толиб анҷом додаанд, аммо «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Январь 22, 2021 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид