Барои пешгирии ифлосшавии кӯчаву роҳҳои Душанбе нисбат ба 150 нафар ронандаи мошинҳои боркашон санади маъмурӣ тартиб дода шуд
ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зимни баргузории амалиёти мақсаднок нисбат ба зиёда аз 150 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашон, ки қоидаҳои бехатариро риоя накарда, ҳангоми фаъолияти корӣ ба ифлос намудани муҳити зист даст задаанд, тибқи моддаи 322-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор ирсол гардиданд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, илова карданд, ки инчунин ба роҳбарони 18 иншооти сохтмонӣ ва биноҳои истиқоматии баландошёна амрномаҳои мақомоти давлатии Бозрасии давлатии автомобилӣ супорида шуданд.
Тибқи нақшаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои вайроншавии бармаҳал ва косташавии ҳусни кӯчаю хиёбонҳо, ифлосшавии муҳити зист, пешгирии истифодаи воситаҳои нақлиёти боркашонӣ бо намуди зоҳирии ифлос пайваста амалиёти мақсаднок гузаронида мешаванд.
Солҳои охир бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якчанд лоиҳаҳои таъмиру таҷдид ва навсозии кӯчаву роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе, ки фаъолияти бехатар ва босуботи низоми нақлиётиро дар хиёбону кӯчаҳои пойтахт таъмин менамоянд, амалӣ мегарданд.
Дар баробари ин баъзе омилҳое вуҷуд доранд, ки ба бармаҳал вайроншавии кӯчаву роҳҳо ва косташавии онҳо мусоидат менамоянд.
Роҳбарони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз масъулини корхонаю идораҳои сохтмонӣ, новобаста аз шакли моликият эҳтиромона хоҳиш менамоянд, ки ҳангоми амалӣ намудани интиқоли бору масолеҳи сохтмонӣ талаботи меъёру қоидаҳои сохтмониро қатъиян риоя намоянд.








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






