Бо ироаи Паём Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои минбаъдаи рушди устувори мамлакатро муайян намуданд

Январь 26, 2021 15:33

ДУШАНБЕ, 26.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паёми имсолаи Пешвои миллат чанд хусусияти хоси худро дошт. Аввал, ин Паёми яксола набуда, фаъолияти 29-солаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифт. Дуюм, агар дар паёмҳои қаблӣ сухан аз марҳилаи давлатсозӣ мерафт, дар Паёми навбатӣ сухан дар бораи рушди устувори кишвар меравад. Чунин баён дошт  бардошти худро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ магистри Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Беҳруз Саидов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Паёми навбатии хешро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа намуданд.

Дар Паёми имсола дар баробари намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа олимони ҷавон низ иштирок доштанд.

Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷиро  яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф номиданд. Ба гуфти Пешвои миллат, ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

«Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод менамоям, ки стипендияи онҳо аз 1 сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад»,-иброз доштанд Пешвои миллат.

Январь 26, 2021 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад

Маводҳои таҳлилӣ