Дар Душанбе бо масъулини сохторҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана, ҷашну маросим ва иттиҳодияҳои динӣ мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 22 январи соли 2021 мулоқоти роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулини сохторҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияҳои пойтахт, иттиҳодияҳои динӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳадафи ташкилу баргузории мулоқоти мазкур иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар амал татбиқ намудани қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз бемориии сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2021 мебошад. Зикр шуд, ки бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавируc – COVID 19 дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз бемориии сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли ҷорӣ фаъолияти масчидҳо ба реҷаи муқаррарӣ бармегардад.
Дар ин радиф аз иштирокчиёни мулоқот талаб карда шуд, ки зимни баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масчидҳо қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, ба монанди пӯшидани ниқоб аз ҷониби масъулин ва намозгузорандагон, безараргардонии дастон, фосилаи иҷтимоӣ, санҷидани ҳарорати шаҳрвандон бечунучаро риоя карда шуда, зимни ошкор шудани нишонаи беморӣ ба сохторҳои дахлдор хабар дода шавад. Ҳамзамон вобаста ба мунтазам дар иттиҳодияҳои динӣ анҷом додани корҳои дезинфексионӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб ба шаҳрвандон дастурҳои қатъӣ дода шуд.
Баромадкунандагон зимни баромадҳои худ дар партави ҳидоятҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар сухан карда, аз иштирокчиён ҷиҳати гузоштани саҳм дар корҳои ободониву созандагӣ, амалҳои хайрхона, баланд бардоштани масъулияти шаҳрдорӣ аз ҷониби сокинони пойтахт, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пардохти ҳаққи нерӯи барқ ва гармӣ, тозаву озода нигоҳ доштани ташкилоту муассисаҳо даъват ба амал оварданд.
Дар фарҷоми мулоқот миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.










«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд






