Дар Душанбе озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» баргузор мешавад

Январь 27, 2021 09:21

ДУШАНБЕ, 27.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе барои муайян намудани беҳтарин композитсия,  дизайни ҷолиби  гулзор ва сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ  озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» гузаронида шуда,  он дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2021 ҷамъбаст мегардад. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда  ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмуни мазкур  аз рӯи чор номенатсия 88 000 (ҳаштоду ҳашт ҳазор) сомонӣ ҷудо менамояд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25 январи соли 2021 ба имзо расид. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷиии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои ғолиби ҷойи якуми озмун «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10  ҳазор сомонӣ, барои ғолиби ҷойи дуюм «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7  ҳазор сомонӣ ва барои ғолиби ҷойи сеюми  «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ  муқаррар гардидааст.

Тибқи қарори дахлдор, ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ барои муайян намудани ғолибони озмун дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкории пойтахт беҳтарин композитсия, дизайни ҷолиби мавзеи гулзор ва сифати корҳои иҷрошударо  аз назар мегузаронанд.

Гурӯҳи мазкур натиҷаҳои озмунро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 25 марти соли 2021 ҷамъбаст намуда, тибқи муқаррарот ба гурӯҳи кории ҷумҳуриявии озмун пешниҳод менамояд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додааст, ки  ҳамин гуна озмунро  дар сатҳи ноҳия баргузор  карда, онро то 18 марти соли 2021 ҷамъбаст  намоянд.

Ҷоизи тазаккур аст, ки комиссияи Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ соли 2019 боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Аҳмади Дониш, ба номи Алишери Навоӣ, ба номи Садриддин Айнӣ, «Кӯли ҷавонон», «Ирам», «Ҷавонон» ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро барои иштироки фаъолонаашон дар озмуни «Сайри гули лола»  бо сипосномаи Кумитаи рушди маҳал сарфароз гардонида буд.

Соли 2020   ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола»  дар пойтахт  дар номинатсияҳои  «Боғи беҳтарин» — Боғи ба номи Аҳмади Дониш ( ноҳияи Исмоили Сомонӣ), «Гулгашти беҳтарин»- Гулгашти назди Сирки давлатӣ (ноҳияи Фирдавсӣ), «Кӯчаи беҳтарин»- кӯчаи Аҳмади Дониш (ноҳияи Шоҳмансур) ва «Гулпарвари беҳтарин»- Азиза Раҳматова   ҷои аввалро соҳиб гардиданд.

Дар ҳамин номинатсияҳо ҷои дуюм насиби «Боғи Устод Рӯдакӣ»-и  ноҳияи Исмоили Сомонӣ («Боғи беҳтарин»), Гулгашти хиёбони Рӯдакӣ дар минтақаи ноҳияи Шоҳмансур («Гулгашти беҳтарин»),  Хиёбони Исмоили Сомонӣ дар минтақаи ноҳияи Сино («Хиёбони беҳтарин») ва Қурбонбек Бобобеков («Гулпарвари беҳтарин») гардид.

Дар номинатсияҳои  мазкур  «Боғи Куруши Кабир», МД «Наврӯзгоҳ» («Боғи беҳтарин»), Гулгашти хиёбони Рӯдакӣ дар минтақаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ («Гулгашти беҳтарин»),  Хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ («Кӯчаи (хиёбони) беҳтарин») ва Ҳамзирамоҳ Сайдалиева  ба гирифтани  ҷойи сеюм ноил гардиданд.

Хотиррасон мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  моҳи марти соли 2019  рамзи Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо- «Сайри гули лола» барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардида буд. Рамзи  мазкур  аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар он гулҳои лола, парасту, хуршед ва рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 27, 2021 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад