Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе иморатҳои баландошёна сохта мешаванд

Январь 6, 2021 14:34

ДУШАНБЕ, 06.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаи нақшаи тарҳрезии иморатсозии хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қарабоев то хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино таҳия гардид. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва ҶСК ПИЛҶ «САНИИОСП» тарҳрезӣ  шудааст. Айни замон аз  рӯи нақшаи мазкур дар ин хиёбон сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурию хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масоҳати ҳудуди қитъаи тарҳрезишуда  37,00 гектарро  дар бар гирифта, дар он бунёди 77 адад биноҳои истиқоматӣ, 1 адад бинои маъмурӣ, 4 адад биноҳои маъмурии бисёрфунксионалӣ  ба нақша гирифта шудааст.

«Дар хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қарабоев то хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино васеъшавии муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи умумии мавҷуда — №32, №67, №37, №66, №2, №90  (дар ду баст)  дар назар дошта шудааст. Дар хиёбони мазкур боғчаи кӯдаконаи  мавҷуда -№112 «Ивушка», «Баҳористон», №101 ва №48  васеъ гардида, 1 адад кӯдакистони нав барои 250 нафар сохта мешавад. Дар ин минтақа дар масоҳати 1,80 гектар майдончаҳо барои истироҳати сокинон бунёд мегарданд»,- афзуд манбаъ.Дар қитъаи тарҳрезишуда  дар масоҳати 5,00 га роҳҳои мошингард, 6,04 га роҳравҳо ва 8,00 га  майсазор  бунёд мегарданд. Ҳамчунин сохтмони марказҳои хизматрасонии тиббӣ ва  нозироти минтақавӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин хиёбон  дар масоҳати 5,61  га  15 адад майдончаҳои варзишӣ сохта шуда, бо дарназардошти  бунёди майдончаҳо барои бозии кӯдакон  масоҳати 1,61га  ҷудо гардидааст.Дар лоиҳаи тарҳрезишуда бунёди  22 адад иншооти коммуналӣ (трансформатор, бунгоҳҳои гармӣ, муйдончаҳои партов) низ дар назар дошта шудааст.

Январь 6, 2021 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид