Дар Кобул бар асари кушторҳои ҳадафманд дар як шабонарӯз панҷ нафар ҷон бохтанд

Январь 12, 2021 09:11

ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми як шабонарӯз панҷ нафар бар асари кушторҳои ҳадафманд ва ҳодисаҳои ҷиноӣ дар Кобул ҷони худро аз даст доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Мутобиқи иттилооти мақомоти амниятӣ афроди мусаллаҳи номаълум шоми рӯзи якшанбе (10.01.2021) автомашинаи раиси яке аз рустоҳои  Пағмонро дар минтақаи Деҳи арабони ноҳияи панҷуми амниятӣ тирборон карданд, ки дар натиҷа худи раис ва ду нигоҳбонаш кушта шуданд. Хонаводаи ӯ иддао дорад, ки омилони ин ҳодиса муайян шудаанд ва бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Аз ин миён, хонаводаи Малик Муртазо касе, ки ҳамроҳи ду посбонаш шоми якшанбе дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ дар ноҳияи панҷуми амниятии пойтахт кушта шуд, талаб мекунанд, омилони ин ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Биби Оқила, модари Малик Муртазо гуфт: «Фардо писари дигари маро мекушанд, фардо дигар ва фардо дигареро, мо чӣ кор кунем, зӯри мо ба онҳо намерасад, аз давлат мерасад”.

Ҳамзамон, шоми душанбе (11.01.2021) як духтур ва соҳиби як ғурфаи маълумотӣ аз ҷониби шахсони номаълум дар ноҳияи 11-уми амниятии Кобул кушта шуданд.

«Дар ноҳияи амниятии 11-ум ду нафар кушта шуданд, ки яке аз онҳо бародари ман буд», — гуфт Маҳбубуллоҳ, бародари яке аз қурбониён.

«Дар ҳоле, ки онҳо ҳар рӯз даъво мекунанд, ки мо амнияти ҳаёт ва моликияти мардумро таъмин мекунем, дида мешавад, ки онҳо дар таъмини амнияти ҷон ва амволи мардум ноком омадаанд», — гуфт сокини Кобул Абдул Восӣ.

Дар ҳамин ҳол, як идда фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва устодони донишгоҳҳо дар нишасте аз афзоиши ҳодисаҳои зидди амниятӣ дар пойтахт изҳори нигаронӣ карданд. Аз ҷумла профессори донишгоҳ Исмоил Машъал гуфт, — «Агар вазъият ба чунин минвол идома ёбад, бовар кунед, ки ба зудӣ ҷанозаи демократия, озодии баён ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва инсониро дар масҷиди Идгоҳ бихонем».

Вилоятҳои Нангарҳор ва Қандаҳор инчунин гузориш доданд, ки ду корманди амнияти миллӣ дар ҳодисаҳои ҷудогона кушта шуданд.

Дар айни ҳол, тибқи хабари шабакаи телевизионии 1tvnews.af 10 январи соли 2021 зимни  як таркиш дар Ғазнӣ як нафар кушта ва се тан маҷрӯҳ шуданд.

Полиси вилояти Ғазнӣ хабари таркишро тасдиқ кард ва гуфт: «Маводи тарканда дар як мотосикл ҷосозӣ шуда буд ва дар ҳудуди ҳавзаи даҳуми амниятии ин вилоят тарконида шуд. Дар пайи он як нафар кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд».

Сухангӯи полиси Ғазнӣ Аҳмадхон Сирот “Толибон” -ро (мамнуъ дар Тоҷикистон) дар таркиш айбдор кард ва гуфт, ки қурбониёни таркиш ғайринизомиён буданд.

Афзоиши кушторҳои мақсаднок, таркишҳои минаҳои магнитӣ ва ҳодисаҳои ҷиноӣ дар шаҳрҳои калони кишвар нигарониҳои ҷиддии шаҳрвандонро ба бор овардааст.

Январь 12, 2021 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд