Дар мавзеи кӯҳии Даҳанасой барои ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ дону хошок пошида шуд

Январь 29, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар талу теппаи мавзеи Даҳанасойи  ноҳияи Деваштич қариб 700 кг дону хошок, аз ҷумла 250 кг картошка, 100 кг сабус, 150 кг ҷав, 45 кг намак, 150 кг шалғам ва 12 банд алафи хушк ва коҳ пошида шуд. 

Тавре аз бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, корҳои биотехникӣ бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ, беталаф баровардани онҳо аз  фасли зимистон ва беҳтар намудани вазъи экологии минтақа аз ҷониби  кормандони бахши мазкур дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия  гузаронида шуданд.

Январь 29, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд