Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов «Корпоратсияи моҳии тоҷик» ташкил ва ба парвариши гулмоҳӣ махсус гардонида мешавад
ДУШАНБЕ, 28.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов «Корпоратсияи моҳии тоҷик» ташкил ва тибқи нақша ба парвариши гулмоҳӣ махсус гардонида мешавад. Айни замон корҳои сохтмони хоҷагии моҳипарварӣ бо суръат идома дошта, бо истифода аз техникаи пуриқтидор кофтани 25 ҳавзи моҳипарварӣ ҷараён дорад. Майдони умумии хоҷагии моҳипарварӣ 3 гектар буда, тибқи нақша дар марҳилаи аввал 100 ҳазор гулмоҳичаҳо парвариш меёбанд.
Тавре аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд хабар доданд, хоҷагӣ ният дорад, ки дар соли аввали фаъолият 100 тонна гӯшти тайёри гулмоҳиро пешкаши харидорон намояд. Намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва «Корпоратсияи моҳии тоҷик»-и чумҳурӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дидан намуда, ба моҳипарварон маслиҳатҳои муфид пешниҳод карданд.
Интизор меравад, ки хоҷагии моҳипарварӣ дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ба истифода дода шавад. Ҳамзамон бо мақсади фароҳам овардани шароит барои афзоиши моҳичаҳо ва маҳсулот сохтмони сехи инкубатсия пешбинӣ гардидааст.








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






