Дар Тоҷикистон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар гардид
ДУШАНБЕ, 28.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он дар сатҳи 4,5 фоиз таъмин гардид. Дар ин бора Сарвазири мамлкат Қоҳир Расулзода дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат, ки 27 январ доир гардид, иттилоъ дод.
Қоҳир Расулзода илова намуд, ки ба таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 9,7 фоиз, кишоварзӣ 8,8 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот 19,8 фоиз мусоидат намуд.
«Бо вуҷуди ин, дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба соли 2019 — 9,9 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 6,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз ва мусофиркашонӣ 2,5 фоиз коҳиш ёфт. Дар ин давра сатҳи таваррум 9,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (8 фоиз) 1,4 банди фоизӣ зиёд буда, асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ 13 фоиз, молҳои ғайриозуқа 5,8 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ 4 фоиз ташаккул ёфтааст», — илова намуд Сарвазир.
Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар дар соли 2020 дар кишвар 300 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ бо 6500 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар ин маҷлис, Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки иҷрои сифатноки нақшаҳои хафтсоларо, ки дар суханронии Роҳбари давлат дар маросими савгандёдкунӣ баён шудаанд, таъмин намуда, ҷиҳати ду баробар афзоиш додани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 10 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ин давра тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар созад.








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






