Дар Турсунзода корхонаи коркарди партовҳои полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода корхонаи коркарди партовҳои полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд. Корхонаи мазкур дар як шабонарӯз то як тонна партовҳои полиэтилениро коркард менамояд.
Аз партовҳои полиэтилении коркардшуда дар ҳаҷмҳои гуногун лӯлаҳои обгузар истеҳсол шуда, ба фурӯш бароварда мешаванд. Тибқи иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода, ин иқдоми пешгирифтаи соҳибкорон барои беҳдошти муҳити зист ва нест намудани партовҳои полиэтиленӣ мусоидат менамояд.
Ба сокинон барои ҳар килограмм партовҳои полиэтилении ҷамъовардашуда маблағи муайян пардохт карда мешавад. Ин тамоюл ҳавасмандии алоқамандонро афзун намуда, ба ин васила амнияти экологӣ дар муҳити зист таъмин мегардад.








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






