Дар Япония мошини барқии бениҳоят дастрасро бо қимати 33 ҳазор сомонӣ месозанд

Январь 28, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 28.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозори мошинсозии Япония дар ояндаи наздик як қатор мошинҳои барқии дастрасро пешниҳод мекунанд, вале талабот ба моделҳои нав ба таври қобили эҳсос зиёд хоҳад буд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ин маълумотро бузургтарин нашрияи тиҷоратии кишвар Никей бо истинод ба  Сигенобу Нагамори — раис ва сарвари иҷроияи ширкате, ки агрегатҳои қудратии Nidec -ро истеҳсол мекунад, интишор додааст.

Масалан, Нагамори аз мошини барқии чинии Wuling Mini EV ёдовар шуд, ки кам намудани арзиши он то 4300 доллар (49.060.37 сомонӣ бо қурби асъор то 28 январ — эзоҳи АМИТ «Ховар») муяссар шудааст. Дар бозори мошинҳои Чин ба ин мошин нисбат ба Tesla Model 3 талабот бештар аст.

Ёдовар мешавем, ки мошини хурдакаки Mini Mini EV ҷузвдони бағоҷ надорад, аммо дар он чор одами калонсол ҷой мешаванд. Дар зери капоти автомобил муҳаррики барқӣ бо иқтидори 27 қувваи асп насб шудааст. Суръати ҳадди баланди мошин 100 км/соат аст. Захираи неруи барқи он барои ​​170 км кифоят мекунад.

Мувофиқи маълумоти Nikei, дар ояндаи наздик дар бозор метавонанд мошинҳои барқӣ бо қимати 2900 доллар пайдо шаванд (бо қурби асъор то 28 январ, тақрибан 33 087,23 сомонӣ — эзоҳи АМИТ «Ховар»).

Чунин воситаҳои нақлиёти арзон метавонанд сабаби афзоиши бесобиқаи талабот ва ба маротиб зиёд шудани фурӯши онҳо гарданд.

                                                                       АКСИ: Nikei

Январь 28, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид