ФАО: Нархҳои ҷаҳонии маводи ғизоӣ ба сатҳи рекордӣ расиданд

Январь 8, 2021 09:43

ДУШАНБЕ, 08.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Нархҳои ҷаҳонии маводи ғизоии асосӣ ва ашёи хом дар соли 2020 дар се соли охир ба сатҳи рекордӣ расиданд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) хабар додааст.

Нишондиҳанда моҳи декабри соли гузашта то 107,5 банд ё , 2,2 дарсад дар муқоиса бо моҳи ноябр, ҳангоме ки индекси аз ҳама баландтарин дар шаш соли охир ба қайд гирифта шуд, афзоиш ёфт.

Ҳамзамон нишондиҳандаи миёнаи индекси соли 2020 нисбат ба соли 2019 3,1 фоиз зиёдтар шуд. Аммо ин нисбат ба нишондиҳандаи рекордие, ки соли 2011 ба қайд гирифта шуда буд, 25 фоиз камтар аст.

Индекси нархи равғани растанӣ дар моҳи декабр 4,7 фоиз афзуд, дар ҳоле ки индекси нархҳои ғалладона нисбат ба соли 2019 6,6 фоиз афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, ФАО афзоиши нархи хӯроквориро танҳо ба пандемия иртибот намедиҳад. Ба гуфтаи коршиносон, динамикаи нархҳо аз таносуби талабот ва пешниҳод вобаста аст.

                                                АКС аз Henry Nicholls / Reuters

Январь 8, 2021 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст