ФФТ: Чемпионатҳои Осиё миёни наврасону ҷавонон имсол доир намешаванд

Январь 16, 2021 10:50

ДУШАНБЕ, 16.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) чемпионатҳои Осиё оид ба футбол миёни наврасон (U-16), ҷавонон (U-19), ҳамчунин Чемпионати Осиё оид ба футзал имсол доир намешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

КФО ин тасмимро бо дарназардошти номуайянӣ ва хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, ҳифзи саломатӣ ва амнияти иштирокчиён гирифтааст. Баҳрайн ва Ӯзбекистон ҳуқуқи мизбонии марҳилаҳои ниҳоии Ҷоми Осиёро байни наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20) дар соли 2023 ҳифз кардаанд.

КФО, ҳамчунин Чемпионати Осиё оид ба футзалро, ки мебоист аз 23 март то 3 апрели соли равон дар Кувайт доир мешуд, барҳам дод. Тибқи қарори КФО, Кувейт низ ҳуқуқи баргузор кардани 16-ум Ҷоми Осиё оид ба футзалро дар соли 2022, ки мунтахаби Тоҷикистон низ ширкат мекунад, ҳифз кард.

Чемпионати Осиё-2021 оид ба футзал, ки бояд дар Тайланд доир мегардид, ба соли 2023 гузаронида шуд.

 

АКС аз ФФТ

Январь 16, 2021 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад