Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад

Январь 10, 2021 12:46

ДУШАНБЕ, 10.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. 27 августи соли 2020 аз ҷониби мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Набиев Дона, соли таваллудаш 1940, зодаи ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи деҳаи Гулбуттаи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин боздошт гардида, баъди анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ, аз тарафи Суди ноҳияи Рудакӣ дар асоси моддаи 3073 қ. 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад.

Набиев Дона дар солҳои ҷангӣ таҳмилии шаҳрвандӣ, ки тавассути ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт, дар куштори оммавии сокинони маҳаллии вилояти Хатлон иштирок кардааст. Ӯ дар сохтори собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳайси “қозӣ” фаъолият намуда, сокинони бегуноҳи ҷумҳуриро ба ҷазоҳои вазнинтарин, ҳатто то ҳукми қатл, маҳкум мекард. Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 тамоми ҷиноятҳои содирнамудаи ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афв гардида буданд.

Бо вуҷуди он, ки собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ 29-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардида, фаъолияташ манъ карда шуд, Набиев Дона кирдори ҷинояткорона ва зиддиқонуниашро идома додааст. Аз ҷумла:

− маблағҳои пулии аз тарафи хадамоти махсуси давлатҳои муайян ҷудошударо, тариқи истифодаи масири интиқоли маблағҳо аз кишварҳои сеюм қабул намуда, онҳоро барои паҳнкунии ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард;

− миқдори муайяни маблағҳоро тавассути ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирии молиявии аъзоёни қаноти ҷангии ташкилоти террористии собиқ ҲНИ – «Ҷамоати Ансорруллоҳ» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол додааст;

− қисми боқимондаи маблағҳоро барои манфиатҳои шахсии худ истифода кардааст.

Зимни таҳқиқу тафтиши парванда амалҳои ҷиноятии Набиев Дона тавассути нишондодҳои шахсони воқеӣ ва далелҳои шайъӣ пурра тасдиқи худро ёфтанд.

Бояд зикр кард, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳар як шаҳрванд, новобаста аз ҷинсият, синну сол (баъди расидан ба балоғат) дар назди қонун барои кирдорҳои ҷинояткоронааш тибқи ҷазои дар моддаҳои қисми махсуси ҳамин кодекс пешбинишуда ҷавоб мегӯяд.

Январь 10, 2021 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд