«ММК Агро»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масоҳати гармхонаи инноватсиониро ба 10 гектар мерасонад

Январь 7, 2021 15:03

ДУШАНБЕ, 7.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ду гектар замини гармхонаи замонавии ҶДММ «ММК Агро» парвариши помидору бодиринг ва қаламфури булғорӣ ба роҳ монда шуда, 25 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Муассисони гармхона иброз доштанд, ки марҳила ба марҳила масоҳати гармхонаи инноватсиониро ба 10 гектар мерасонанд.

Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода 6 январ аз ҶДММ «ММК Агро», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, бо фаъолияти гармхонаи мазкур шинос гардид.​

Гармхонаи замонавӣ моҳи марти соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд. Гармхона ба ду қисм — гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо гардида, тамоми таҷҳизоти он аз Кореяи Ҷанубӣ ворид карда шудааст.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ таъкид кард, ки фаъолияти чунин гармхонаҳои инноватсионӣ барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза мусоидат намуда, барои муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот таъсири мусбат мерасонанд.

Ёдовар бояд шуд, ки  соли 2020 дар вилоят 456 гармхона фаъолият намуда, дар 287 гармхона парвариши сабзавот ва дар 169 гармхона парвариши лимӯ ва гулҳо ба роҳ монда шудааст.

 

Январь 7, 2021 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем