Муассисаҳои СММ ба тақсим ва интиқоли ваксинаи COVID-19 шурӯъ мекунанд. Тоҷикистон низ дар ин рӯйхат ҳаст

Январь 23, 2021 13:46

ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 22 январ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) эълон кард, ки барои хариди 40 миллион вояи ваксинаи PFizer-BioNTech’s   шартнома имзо кардааст. Инчунин дар бораи интиқоли маҳсулоти AstraZeneca/Oxford созиш ба даст омадааст. Ин имкон медиҳад, ки дар доираи механизми COVAX то охири сол дар саросари ҷаҳон ду миллиард ваксина, аз ҷумла 1,3 миллиард ба кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ камдаромад тақсим карда шавад. Директори генералии СУТ Тедрос Гребесесус дирӯз дар брифинг дар Женева дар ин бора изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ.

Ёдовар мешавем, ки механизми COVAX — ин ташаббуси беназир барои истеҳсол ва хариди мутамаркази ваксинаҳо бар зидди COVID-19 мебошад. Тибқи он, ҳукуматҳо ва истеҳсолкунандагон якҷоя кор бурда, ҳам ба кишварҳои сарватманд ва ҳам ба кишварҳои аз лиҳози иқтисоди камдаромад ваксина тақсим карда мешавад.

Имрӯз маълум шуд, ки 150 миллион дозаи дигари ваксинаи таҷрибавии AstraZeneca/Oxford дар семоҳаи аввали соли равон дастрас хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки СУТ айни замон барои тасдиқи ин дору барои истифода кор бурда истодааст.

Тавре АМИТ “Ховар” қаблан хабар дода буд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар доираи ташаббуси COVAX барои 2 миллион воя ваксина аз коронавирус дархост пешниҳод кардааст.

Январь 23, 2021 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»