Намояндагони ИМА барои баррасии ҳалли мусолиматомез ба Афғонистон меоянд
ДУШАНБЕ, 30.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи намояндагони расмии Америка барои баррасии масоили марбут ба ҳалли мусолиматомез дар Афғонистон ба Кобул хоҳанд омад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 29 январ, Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ зимни суханронӣ дар Форуми Аспен оид ба масоили амният тариқи видеоконфрон изҳор дошт.
Ӯ тазаккур дод, ки ИМА азм дорад як гурӯҳ (кормандон)-ро ба Кобул фиристад. «Мо инчунин тавассути пайванди видеоӣ машваратҳо доир ба суръат бахшидан ба раванди ҳалли мусолиматомез ва доир ба чӣ гуна татбиқи ҳадафро таъмин кардан баргузор хоҳем кард. Гап дар бораи он меравад, ки Афғонистон соҳибихтиёр, демократӣ ва муттаҳид бошад», — илова кард Ашраф Ғанӣ.
Президенти Афғонистон гуфт, ки бесаброна занги телефонии Президент [ИМА Ҷо] Байденро интизор аст. Ғанӣ мушаххас накард, ки дақиқан кай бо роҳбари маъмурияти Америка суҳбат мекунад.
Ашраф Ғанӣ суҳбати дар аввали ҳафта бо котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен анҷомдодаро шарҳ дода, тазаккур дод: «Ӯ ваъда дод, ки дар ҳамоҳангии комил бо мо талошҳои дипломатиро дар минтақа фаъолона идома хоҳад дод». Ашраф Ғанӣ изҳори итминон кард, ки маъмурияти Байден аз оғози кораш «таваҷҷуҳ»-ро ба рӯйдодҳое, ки дар Афғонистон рух медиҳанд, равона кард.
29 феврали соли 2020 маъмурияти қаблии ИМА бо роҳбарии Президент Доналд Трамп ва ҳаракати ифротии «Толибон» (мамнуъ дар Россия) дар Доҳа созишномаи сулҳро имзо карданд. Мувофиқи он, ИМА, иттифоқчиёни он ва эътилофи байналмилалӣ уҳдадор шуданд, ки дар тӯли 14 моҳ тамоми неруҳояшро аз Афғонистон бароранд. «Толибон», дар навбати худ, кафолат медиҳанд, ки онҳо қаламрави Афғонистонро барои амалҳое, ки ба амнияти ИМА ва иттифоқчиёни он таҳдид мекунанд, истифода нахоҳанд кард.
АКС аз бойгонӣ








Ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро 100 фоиз иҷро намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар Норак дар рӯзи якум иҷро шуд
РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Қазон ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар шаҳри Гулистон нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Наваскарони ноҳияи Ёвонро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ботантана гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Шаҳри Бохтар нақшаи даъвати тирамоҳиро 100 фоиз иҷро намуд






