Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай дар мулоқоти тиҷоратии «Shanghe Business Connect» дар доираи 20-умин солгарди СҲШ сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи 20-умин солгарди Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) 16 январ нахустин мулоқоти васеи тиҷоратии «Shanghe Business Connect» дар шаҳри Шанхай баргузор гардид. Дар он намояндаи доимии Тоҷикистон дар Котиботи СҲШ Муҳаммади Эгамзод суханронӣ кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Чорабинии мазкурро Yanan Jiutian Technologies Co., Ltd., платформаи ҷавонони SCOLAR Network, дафтари пекинии Маркази муштараки ҳамкории тиҷоратӣ дар назди Котиботи Шӯрои тиҷоратии СҲШ ташкил намуданд.
Ҳадафи ҷаласа- ин барқарор кардани робитаҳо ва табодули таҷриба байни ширкатҳои Чин ва кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи тиҷорати электронӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои молиявӣ, инчунин эҷоди лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ мебошад. Дар мулоқот намояндагони мақомоти маҳаллӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва инчунин корпусҳои дипломатии кишварҳои узви СҲШ ширкат варзиданд.
Дабири кулли СҲШ Владимир Норов дар паёми видеоии худ зикр кард, ки имрӯз кишварҳои СҲШ муборизаи муштаракро бо пандемияи коронавирус идома медиҳанд, ки дар баробари зарари назаррас ба иқтисодиёт ва саломатии аҳолӣ, раванди табодули рақамиро тақрибан дар ҳама бахшҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ суръат бахшид.
В.Норов аҳамияти рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи технологияҳои муосири рақамиро зикр намуд. Ба ақидаи ӯ, онҳо метавонанд дар рафъи оқибатҳои манфии пандемияи COVID-19 ва эҷоди манбаъҳои нави рушди иқтисодӣ дар кишварҳои СҲШ нақши ҳалкунанда дошта бошанд. Дар ин замина, дабири кулли СҲШ таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки СҲШ бозори азим барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ мебошад.
Дар паёми видеоии худ Котиби иҷроияи Шӯрои тиҷорати СҲШ С.В.Канавский зикр кард, ки рақамисозӣ ҳамчун пайванди калидӣ дар ҳалли мушкилоти тавсеаи ҳамкории судбахши иқтисодӣ дар кишварҳои узви СҲШ ва дар навсозии иқтисодиёти минтақаҳои алоҳида ва корхонаҳои саноатӣ ҷорӣ шуда истодааст. Ба гуфтаи ӯ, ин пеш аз ҳама, барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ зарур аст.
Намояндагони доимии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон дар котиботи СҲШ дар баромадҳои худ иброз доштанд, ки тиҷорати электронӣ дар шароити пандемия ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти иқтисодӣ шудааст ва кишварҳо ба равандҳои рақамисозӣ аҳамияти калон медиҳанд.
Намояндагони доимӣ зарурати мусоидат ба ҳамкорӣ дар самти рушди ТИК-и пешрафтаи миллӣ, ташкили платформаҳои электронии савдо ва инфрасохтори васеи рақамӣ, инчунин такмили заминаи қонунгузориро зикр намуданд. Дар ин замина, пешниҳод карда шуд, ки соли 2021 дар Душанбе мизи мудаввар оид ба иқтисодиёти рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия баргузор карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 дар СҲШ Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ мекунад.
АКС аз rus.sectsco.org









РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Миср нақши Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои ҷаҳонии об баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Беш аз 300 хабарнигори ватанӣ ва хориҷӣ Конфронси оби Душанбе-2026-ро инъикос менамоянд
Дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр чорабинӣ доир гардид
Дар Абузабӣ Конфронси оби Душанбе ҳамчун минбари муҳими муколамаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад дар Москва
Дар Москва мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Ҷашнвораи баҳори Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Корея гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Барои иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ 7 хатсайри сайёҳӣ пешниҳод гардидааст
Дар шаҳри Варшава барои ҷавонони тоҷик мусобиқаи футбол ташкил карда шуд






