Навсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии «Корвон» идома дорад

Январь 15, 2021 13:14

ДУШАНБЕ, 15.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 24 марти соли 2020 навсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии «Корвон» бо таҳхона ва таваққуфгоҳи нақлиётии бисёрсатҳа оғоз шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо бомаром идома доранд.

Тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар хабар доданд, лоиҳаи  навсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии «Корвон»-ро  КВД ПИТЛ «Душанбешахрсоз» таҳия намуда, фармоишгари он ҶДММ «Корвон» мебошад.

Тавре  сардори  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода  ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» изҳор дошт,  дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе минбаъд марказҳои савдову хизматрасонӣ, аз ҷумла бозорҳо бо инобати талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

«Аз ҷумла, дар навсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии «Корвон» барои танба нашудани роҳ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ  бунёди таваққуфгоҳҳои бисёрсатҳа ва дигар иншооти хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст»,-афзуд  номбурда.

Январь 15, 2021 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд