Новобаста ба COVID-19 соли 2020 барои сокинони шаҳри Ҳисор бобарор буд

Январь 18, 2021 15:16

ДУШАНБЕ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста ба душвор омадани соли 2020 бар асари бемории COVID-19 он дар шаҳри Ҳисор  бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардида, барои сокинони шаҳр бобарор арзёбӣ мешавад. Зеро дар ин сол бо афзоиши нишондиҳандаҳо дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва савдо рушди иқтисодӣ дар шакли устувор нигоҳ дошта шуд. Ин матлаб дар маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар соли 2020, ки  бо иштироки  муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён таҳти раёсати Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода доир гардид, зикр шуд. 

Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маҷлис нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2020 натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои соли 2021 муайян гардиданд.

Муовини аввали Раиси шаҳр оид ба вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, иҷрои нақшаҳои қабулшуда вобаста ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаю   стратегияҳо ва дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳо ба шаҳри Ҳисор дода буданд, гузориш дод.

Оид ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ, рушди бахши хусусӣ, самти хизматрасонии иҷтимоӣ муовинони Раиси шаҳр ва мудирони бахшу шуъбаҳо гузориши муфассал доданд.

Муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён аз чорабиниҳои муҳими сиёсие, ки соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, ёдрас шуда, оид ба татбиқи барномаҳои қабулшуда, риояи қонунҳои миллӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин ҷалби аҳолӣ ба китобхонӣ, зимистонгузаронӣ, даъват ба хизмат, бунёди боғҳо, захираи тухмии картошкаву ғалладонагиҳо, мушкилот дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ҳарф зада, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҳифзи амнияту оромиро аз вазифаҳои муҳими аҳли ҷомеа арзёбӣ намуд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро барои босифат ва сари вақт иҷро намудани нақшаҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда, иброз дошт, ки сокинони шаҳри Ҳисор бо истифода аз донишу таҷриба ва меҳнати садоқатмандона ба рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ноил мегарданд.

Январь 18, 2021 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дмитрий Семёнов: «Синамоҷашнвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон» фазои ҳамкории байналмилалӣ фароҳам овард»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба Иди Меҳргон ҳамоиш баргузор карда шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имконияти рушди хизматрасонии почта дар Тоҷикистон бо истифодаи нақлиёти барқӣ баррасӣ гардид
ZET-MOBILE рушди 5G-ро идома медиҳад: истгоҳҳои нави базавӣ ба истифода дода шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сулҳи Фарғона дар Узбекистон иштирок намуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ ва оғози фасли зимистон аст
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Маҷористон оғоз намуд
«МегаФон Тоҷикистон». Пешсафони дигаргуниҳо
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад