Озмунҳои бозиҳои байналмилалии артишӣ-2021 метавонанд дар ҳудуди 15 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон баргузор шаванд
ДУШАНБЕ, 06.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Озмунҳои Бозиҳои VII байналмилалии артишӣ, ки моҳҳои август — сентябри соли 2021 ба нақша гирифта шудаанд, метавонанд дар ҳудуди 15 давлат баргузор шаванд. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора 5 январ Департаменти иттилоот ва коммуникатсияи оммавии Вазорати мудофиаи Россия ба ТАСС хабар додааст.
«Бозиҳои байналмилалии артишӣ (ARMY) — 2021 аз 22 август то 4 сентябр баргузор мешаванд. Зимни ARMI-2021 баргузории 34 озмуни байналмилалӣ бо тавсеаи ҳадди аъзами ҷуғрофияи баргузории онҳо то 15 кишвар ба нақша гирифта шудааст. Даъватномаҳо барои иштирок дар ARMI-2021 ба идораҳои низомии 95 кишвар фиристода шудаанд», — омадааст дар иттилоия.
Тибқи иттилои идораи низомӣ, дар ҷараёни ARMI-2021 се озмуни нав баргузор мешаванд: «Меридиан» — барои мутахассисони хадамоти ҳарбӣ-топографӣ; «Тирандози тактикӣ», ки асоси онро унсурҳои тирандозии тактикии артишӣ аз силоҳҳои гуногуни тирандозӣ ташкил медиҳанд; озмуни гурӯҳҳои эҷодии «Артиши фарҳанг» рушди ва густариши бештар касб хоҳад кард.
Маҷмӯан дар доираи ARMI-2021 баргузории 34 озмун ба нақша гирифта шудааст. Аввалини онҳо — озмунии “Марши Саян” — аз 14 то 17 апрел дар ҳудуди Красноярск дар пойгоҳи таълимии кӯҳии “Ергаки” баргузор мешавад.
Тавре ки генерал-полковник Иван Бувалтсев, роҳбари Саридораи тайёрии ҷангии Вазорати мудофиаи ФР иброз дошт, «тақрибан 20 давлат — Алҷазоир, Арманистон, Беларус, Ветнам, Эрон, Ҳиндустон, Исроил, Чин, Қатар, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Россия, Сербия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка имкони баргузории озмунҳои ARMI-2021-ро баррасӣ мекунанд. Тасмими ниҳоӣ дар бораи маҳали баргузории мусобиқаҳо дар ҷаласаи кумитаи тадорукоти ARMI-2021 дар ҷараёни конфронси дуввуми нақшавӣ моҳи март гирифта хоҳад шуд».
Ташкилкунандагони ARMI-2021 интизор доранд, ки дар ин озмунҳо ҳадди ақалл 260 даста аз беш аз 45 кишвар ширкат намоянд.
ДАР АКС: танкчиёни Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар «Биатлони танкӣ — 2016». Акс аз бойгонӣ.








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






