Парандагонро аз сардиҳои зимистон ҳифз менамоем

Январь 25, 2021 13:25

ДУШАНБЕ, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сардиҳои фасли зимистон аз ҷониби Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросони  вилояти Хатлон дар минтақаи  кӯҳии Куйбишеви ноҳияи Абураҳмони Ҷомӣ корҳои биотехникӣ гузаронида шуда, 200 килограмм хӯроки дурушти чорво ва 150 кг гандум  дар кӯҳу пуштаҳо пошида шуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доанд.

Дар ин мавзеъ асосан парандагони нодир,  ба монанди кабк, мурғи ҳилол ва дигар парандагони ваҳшӣ сукунат менамоянд. Гузаронидани корҳои биотехникӣ барои аз сардии  фасли сармо эмин нигоҳ доштани  олами ҳайвонот  ва парандагон мусоидат менамояд.

Январь 25, 2021 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд