Президенти Тоҷикистон: «Дар самти таъмини устувори неруи барқ ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд»

Январь 26, 2021 14:22

ДУШАНБЕ, 26.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имсол сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» то зеристгоҳи конвертории «Сангтӯда шурӯъ, Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид ва бо иқтидори 270 мегаватт- яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд ба истифода супорида шуда, корҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд.

-Бо вуҷуди ин,-изҳор доштанд Сарвари давлат,-дар самти таъмини доимиву устувори неруи барқ ҳанӯз як силсила масъалаҳои муҳими ҳалталаб вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ аз ҷумлаи ҳамин масъалаҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои истифодаи беҳудаи неруи барқ ва тарғиби сарфаю сариштакорӣ, ки метавонад иқтидори энергетикии мамлакатро боло барад, ситодҳои корӣ ташкил ва таҳти роҳбарии роҳбарону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият доранд.

Ҳамчунин дар доираи Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи тоҷик» вобаста ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба истеҳсолу интиқоли саривақтии қувваи барқ корҳои оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани неруи барқ миёни аҳолӣ идома ёфта, вазъи баамаломада шаҳрвандон, роҳбарони корхонаву ташкилотро водор месозад, ки барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва ҳифзи он ҳисса гузоранд.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ширкатҳои соҳаро зарур аст якҷо бо вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои марбута вобаста ба ҳалли масъалаву мушкилоти соҳа, хусусан, дар бобати баҳисобгирии истеҳсол ва истеъмоли барқ, кам кардани талафот ва истифодаи таҷҳизоти барқии каммасраф тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ намоянд.

Январь 26, 2021 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон