Рақибони дастаҳои футболи Тоҷикистон дар мусобиқоти Осиё рӯзи 27 январ муайян мегарданд

Январь 17, 2021 09:22

ДУШАНБЕ, 17.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 ва Ҷоми КФО-2021, ки дар он  дастаҳои Тоҷикистон – «Истиқлол», «Равшан» ва «Хуҷанд» ширкат мекунанд, рӯзи 27 январ баргузор мегардад.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол дастаи  «Истиқлол»-и Душанбе имсол дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бори аввал  ҳунарнамоӣ  мекунад. Даври гурӯҳии мусобиқаи асосии клубии Осиё дар минтақаи Ғарб аз 14 то 30 апрел ва дар Шарқ — аз 21 апрел то 7 май дар шакли мутамарказ баргузор мешавад.

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол «Равшан» -и Кӯлоб ва барандаи медали нуқраи чемпионати кишвар «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2021 ширкат меварзанд.

Бозиҳои даври муқаддимотии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи Марказӣ  рӯзҳои 6-7 апрел баргузор гардида, даври плей-офф   20-21 апрел таъин шудааст.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО дар Осиёи Марказӣ имсол дар шакли мутамарказ аз 14 то 20 май баргузор мешавад. Бозиҳо дар шакли даври ва як давр баргузор мешаванд.

                                                                 АКС аз ФФТ

Январь 17, 2021 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид