Рақибони дастаҳои футболи Тоҷикистон дар мусобиқоти Осиё рӯзи 27 январ муайян мегарданд
ДУШАНБЕ, 17.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 ва Ҷоми КФО-2021, ки дар он дастаҳои Тоҷикистон – «Истиқлол», «Равшан» ва «Хуҷанд» ширкат мекунанд, рӯзи 27 январ баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол дастаи «Истиқлол»-и Душанбе имсол дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бори аввал ҳунарнамоӣ мекунад. Даври гурӯҳии мусобиқаи асосии клубии Осиё дар минтақаи Ғарб аз 14 то 30 апрел ва дар Шарқ — аз 21 апрел то 7 май дар шакли мутамарказ баргузор мешавад.
Барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол «Равшан» -и Кӯлоб ва барандаи медали нуқраи чемпионати кишвар «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2021 ширкат меварзанд.
Бозиҳои даври муқаддимотии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи Марказӣ рӯзҳои 6-7 апрел баргузор гардида, даври плей-офф 20-21 апрел таъин шудааст.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО дар Осиёи Марказӣ имсол дар шакли мутамарказ аз 14 то 20 май баргузор мешавад. Бозиҳо дар шакли даври ва як давр баргузор мешаванд.
АКС аз ФФТ








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






