Рақибони дастаҳои «Равшан» ва «Хуҷанд» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 маълум шуданд

Январь 27, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 27.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 январ, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар Куала-Лумпури Малайзия  қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 баргузор шуд, ки рақибони дастаҳои футболи Тоҷикистон – «Равшан« ва «Хуҷанд« маълум шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Точикистон хабар медиҳад.

Барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон – «Равшан»-и Кӯлоб дар гурӯҳи «Е» бо қаҳрамони феълии Қирғизистон – «Дордой»-и Бишкек ва ноиб-қаҳрамони Туркманистон дастаи «Аҳал» қувваозмоӣ хоҳад кард. Барандаи медалҳои нуқраи чемпионати футболи Тоҷикистон – дастаи футболи «Хуҷанд» дар гурӯҳи «F» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дастаҳои АГМК (ё ки «Насаф»)-и Ӯзбекистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон бозӣ мекунад.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 ба тартиби мутамарказонидашуда аз 14 то 20 май баргузор мегардад. Ғолибони гурӯҳҳо дар бозии ниҳоии минтақавӣ вомехӯранд. Бозии мазкур аз ду вохӯрӣ иборат буда, 11 ва 25 август доир мешавад.

Ёдрас мешавем, ки дар сурати ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 роҳ ёфтани дастаи футболи АГМК, дар Ҷоми КФО-2021 ба ҷои вай дастаи «Насаф» (Қаршӣ, Ӯзбекистон) баромад мекунад. Дар сурати роҳ наёфтанаш ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дастаи АГМК дар Ҷоми КФО-2021 бозӣ хоҳад кард.

Ҷоми КФО-2021

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е»:

«РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН)

«Дордой» (Қирғизистон)

«Аҳал» (Туркманистон)

Гурӯҳи «F»:

АГМК (ё ки «Насаф» Ӯзбекистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

«Олой» (Қирғизистон)

АКС аз ФФТ

Январь 27, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд