Раиси комиссияи ҳалли баҳсҳои молиявии Бонки марказии Афғонистон маҷрӯҳ шуд

Январь 25, 2021 11:47

ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/ Дар моҳҳои охир кушторҳои намояндагони ВАО, кормандони давлатӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маъмурони амниятӣ ва дифоъ дар саросари Афғонистон, бахусус дар Кобул афзоиш ёфтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи шабакаи телевизионии 1tvnews.af.

Бонки марказӣ («Деафғонистон бонк”) бо нашри хабарномае изҳор доштааст, ки субҳи рӯзи якшанбеи 24 январи соли 2021, тақрибан соати 8:15 дақиқа, мошини хизматии Абдуллоҳ «Дурронӣ», раиси комиссияи ҳалли баҳсҳои молиявии бонки марказии Афғонистон, дар ҳудуди  ноҳияи ҳаштуми Кобул ҳадафи минаи магнитӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи таркиш Абдуллоҳ «Дурронӣ» захмӣ ва муҳофизи ӯ ҳалок шуд.

Масъулияти ин ҳодисаро касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Январь 25, 2021 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд