«Равшан» ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО бо ҳам бозӣ намекунанд

Январь 24, 2021 09:57

ДУШАНБЕ, 24.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабадҳоро барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 муайян кард.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, имсол шумораи иштирокчиёни Ҷоми КФО дар минтақаи марказӣ зиёд гардид. Ҳоло дар ин минтақа ба ҷуз аз намояндагони Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон як клуб аз Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ҳафт дастаи Осиёи Марказӣ дар Ҷоми КФО-2021 рақобатро  аз марҳилаи гурӯҳӣ оғоз мекунанд. Мувофиқи натиҷаҳои қуръакашӣ, ки 27 январ баргузор мешавад, як гурӯҳ аз чор даста ва як гурӯҳи дигар иборат се даста ташкил карда мешавад. Ғолибони гурӯҳҳо дар финали минтақавӣ бозӣ мекунанд.

Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 “Равшан»-и Кӯлоб ҳангоми қуръакашии Ҷоми КФО-2021 дар сабади аввал буда, бешубҳа, дар марҳилаи гурӯҳӣ бо намояндаи Ӯзбекистон бозӣ намекунад. Барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон дар мавсими гузашта- «Хуҷанд» дар сабади сеюм ҳамроҳ бо «Аҳал»-и Туркманистон аст ва дар марҳилаи гурӯҳӣ рақибони “Хуҷанд” “Алтин Асир”-и Туркманистон, намояндаи Ӯзбекистон ва “Дордой” ё “Олой” аз Қирғизистон хоҳанд буд.

Дар минтақаи марказӣ тибқи муқаррароти Ҷоми КФО, ду намояндаи як кишвар наметавонанд дар як гурӯҳ бошанд. Агар “AГMK” ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2021 дохил шавад, барандаи медали нуқраи чемпионати Ӯзбекистон “Насафи” Қаршӣ дар Ҷоми КФО-2021 рақобат хоҳад кард.

Ҳайати сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи марказӣ:

Сабади 1: “АГМК” (ё “Насафи” Ӯзбекистон), “РАВШАН” (ТОҶИКИСТОН).

Сабади 2: “Олтин Асир” (Туркманистон), “Дордой” (Қирғизистон).

Сабади 3: “ХУҶАНД” (ТОҶИКИСТОН), “Аҳал” (Туркманистон).

Сабади 4: “Алай” (Қирғизистон).

АКС аз ФФТ

Январь 24, 2021 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад