Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд машқҳои таълимӣ гузаронид
ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ бо дастури роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки ҳайати шахсии шуъбаву хадамот ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии вилоят дар майдончаи сафороии қисми ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд машқҳои таълимӣ-дастурӣ гузаронида шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Намоиши машқҳои таълимӣ бо иштироки гурӯҳҳои зудамали дастгоҳи марказии Раёсат, қисми ҳарбии РҚД ВКД, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Б.Ғафуров, масъулини шуъбаи тиббии Раёсат ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД доир гардид.
Баъди тамринҳои якҳафтаина дар ҳузури роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоят омодагии ҳайати шахсӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ натиҷагирӣ карда шуд.
Саҳнаҳои шартӣ ташкил карда шуда, фаъолияти қувваю воситаҳои мақомоти милитсия дар чунин вазъият баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, ҳифзи моликияти ҷамъиятиву давлатӣ дар саҳнаҳои шартӣ намоиш дода шуд.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов аз натиҷаи машқи таълимӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Масъулини шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати мазкур, ки намоиш аз рӯи нақшаи онҳо гузаронида шуд, вазифадор гардиданд, ки минбаъд низ чунин машқҳои таълимӣ ташкил кунанд. Зеро ҳайати шахсӣ таҷрибаи амалӣ андӯхта, ҳарчи бештар омода мешавад.
Дар робита ба ин муовини якуми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Рустам Шафизода баргузории машқи таълимиро барои натиҷагирию баҳодиҳӣ, назорату дастурдиҳӣ ва такмили маҳорату малакаи масъулини самти хизмат муфид арзёбӣ намуд.
Дар қисмати ҷамъбастии машқҳои тактикӣ барои иштироки фаъолона, қобилияти фарқкунанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва нишон додани масъулияти баланди касбӣ 70 нафар иштирокчиёни фаъоли машқи таълимӣ бо туҳфа, Сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.










Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






