Садир Жапаров имрӯз ба ҳайси президенти Қирғизистон расман ба кор шурӯъ кард

Январь 28, 2021 13:35

ДУШАНБЕ, 28.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Садир Жапаров расман ба ҳайси президенти Қирғизистон ба кор шурӯъ кард. Имрӯз дар маросими инаугуратсия Садир Жапаров савганд ёд кард. Пас аз савгандёдкунӣ раиси Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон Нуржан Шайлдабекова ба Садир Жапаров шаҳодатнома, нишони сарисинагӣ ва ливои президентиро супорид, иттилоъ медиҳад хабаргузории давлатии «КАБАР» 28 январ.

Ҳамин тариқ, Садир Жапаров расман ба ҳайси президент ба кор шурӯъ кард.

Дар маросими расмӣ беш аз ҳазор нафар ширкат намуданд. Аз ҷумла, чеҳраҳои маъруфи кишвар, вакилони Жогорку Кенеш, собиқ президентҳо, собиқ спикерҳои парлумон, собиқ сарвазирон, сарварони конфессияҳои Қирғизистон, корпуси дипломатӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, оқсақолҳо ва шаҳрвандони одӣ даъват шуда буданд. Инчунин рақибони Жапаров дар интихоботи гузашта низ ба ин маросим даъват шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки 10 январ дар Қирғизистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор шуд. Тибқи натиҷаҳои интихобот, Садир Жапаров бо касби 79,2% овозҳо пирӯз шуд.

                                                     АКСИ: ХИ «Кабар»

Январь 28, 2021 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд