Дастпарвари футболи тоҷик сармураббии дастаи футболи «Олой»-и Ӯш таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 05.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастпарвари футболи тоҷик Нуъмонҷон Юсупов сармураббии нави дастаи футболи «Олой»-и Ӯш таъйин шуд. Ӯ бо ин даста шартномаи яксола баст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи дастаи фулболи «Олой» хабар медиҳад.
Маросими имзои қарордод имрӯз, 5 январ дар варзишгоҳи марказии Ӯш ба номи Суюмбоев сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки «Олой» дастаи футболи шаҳри Ӯш-дуввумин шаҳри сераҳолии Қирғизистон (пас аз Бишкек) мебошад. Ин даста соли 1960 бо номи «Ӯш» таъсис ёфта, ҳоло дар Лигаи олии Қирғизистон ширкат бозӣ мекунад. Яке аз қадимтарин ва серҷоизатарин дастаҳои футболи Қирғизистон: қаҳрамони 4-каратаи Қирғизистон (2013, 2015, 2016 ва 2017), барандаи Ҷом (2013) ва Суперҷоми мамлакат (2017 ва 2018) мебошад.
Дар замони Шӯравӣ «Олой» дувумин даста дар Қирғизистон пас аз «Олға»-и Бишкек ба шумор мерафт.
Фаъолияти Нуъмонҷон Юсупов:
1991-1997 – Дастаи футболи «Ситора» (Душанбе). Унвонҳо: 1993, 1994 — Қаҳрамони Тоҷикистон.
1993 — Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон.
1999-2003 — мураббии кӯдакон дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.
2004-2012 — сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон.
2012-2013 — сармураббии дастаи ҷавонони «Истиқлол» (Душанбе).
2013 — мураббии калони дастаи асосии «Истиқлол» (Душанбе).
2014-2016 — сармураббии дастаи футболи Хуҷанди (Хуҷанд).
2016 — сармураббии дастаи футболи «Истиқлол». Ғалаба дар чемпионат ва Ҷоми Тоҷикистон.
2018-2019 — сармураббии дастаи футболи Хуҷанд. Ҷойи 2 дар чемпионати Тоҷикистон ва роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК.
2020 — сармураббии мактаби футболи «Спартак»-и наврасон (Пенза, Русия).
Инчунин дар ҳайати дастаи олимпии Тоҷикистон бозӣ кардааст.
ДАР АКС: Нуъмонҷон Юсупов аз рост. Акс аз сомонаи ДФ «Олой»








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






