Шашумин бозиҳои соҳилии Осиё бори дуюм мавқуф гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 02.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои соҳилии Осиё дар шаҳри Саняи Чин ба далели пандемияи коронавирус бори дуюм мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бо пахши як изҳорот Шӯрои олимпии Осиё (OCA) тасдиқ кард, ки ин чорабинӣ дар санаҳои пешбинишуда — аз 2 то 10 апрели соли 2021 — баргузор нахоҳад шуд. Дар аввал бозиҳо мебоист аз 28 ноябр то 6 декабри соли 2020 баргузор мешуданд.
Ба иттилои ОСА, санаи нави бозиҳо пас аз машварати муштараки ҷонибҳои манфиатдор муайян карда мешавад.
Нигаронӣ аз вируси COVID-19 дар ҳафтаҳои охир, пас аз пайдо шудани як намунаи нав дар Бритониё, ки гумон меравад, то 70 дарсад бештар интиқолшаванда аст, афзоиш ёфт.
«Қарори кумитаи иҷроияи OCA пас аз муҳокима байни OCA, Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои соҳилии Саня, бо мақсади манфиатҳои умумии ҳама кумитаҳои миллии олимпии марбута ва таъмини амният ва саломатии варзишгарон ва иштирокчиён, қабул шуд», — омадааст дар изҳороти OCA.
OCA минбаъд низ вазъиятро назорат хоҳад кард ва бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли масъалаҳо ҳамкории зич хоҳад дошт ва дар бораи санаи ояндаи Бозиҳои VI соҳилии Осиё тасмим хоҳад гирифт.
OCA моҳи августи соли равон пас аз он ки Ҳукумати Чин аксари чорабиниҳои варзишии байналмилалиро дар соли 2020 дар робита ба буҳрони ҷаҳонии тандурустӣ манъ кард, эълон дошт, ки ин чорабинӣ ба соли 2021 гузаронида шуд.
Саня, ки дар ҷануби ҷазираи Ҳайнани Чин ҷойгир аст, мебоист шашумин мизбони Бозиҳои соҳилии Осиё бошад. Интизор меравад, дар ин чорабинӣ беш аз 2000 варзишгари 40 давлат иштирок ва аз рӯи 19 намуди варзиш қувваозмоӣ кунанд.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






