ШУМО МУТОЛИАРО ДӮСТ МЕДОРЕД? Марҳамат ба маҳфили доимии «Шоме дар китобхона…»
ДУШАНБЕ, 15.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзи сешанбе дар Китобхона маҳфили доимии «Шоме дар китобхона…» баргузор карда мешавад. Маҳфилҳои мазкур ҷолибу шавқовар баргузор карда мешаванд, ки ҳар як иштирокчӣ метавонад дар як барнома дар бораи аз 5 то 10 асари бадеӣ маълумоти дақиқ пайдо кунад. Хоҳишмандон метавонанд ҷиҳати иштирок дар маҳфили мазкур бо телефонҳои 2216702; (+992) 000666809 муроҷиат намоянд.
Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин маҳфил дар партави иқдоми маърифатпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни ҷавонону наврасони пойтахт ва ҷалби онҳо ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур таъсис ёфтааст.
Мавриди зикр аст, ки авалин маҳфили доимии «Шоме дар китобхона…» дар соли 2021 12 январи соли равон дар Китобхонаи миллӣ доир гардид, ки дар он 25 нафар адибони ҷавон, иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, омӯзгорон ва ҷавонону наврасони фаъоли пойтахт ширкат варзида, ашъор ва эҷодиёти шоири муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ тибқи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик мавриди омӯзиш қарор доданд.









Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






