СММ: Дар даҳсолаи охир бар асари офатҳои табиӣ 410 000 нафар одам ҳалок шудааст

Январь 27, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 27.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Офатҳои табиии бар асари  тағйирёбии иқлим ба вуқӯъ омада танҳо дар 10 соли охир ҳаёти 410 ҳазор нафарро рабудаанд ва боиси харобиҳои азим ва талафоти иқтисодӣ шудаанд. Бояд тадбирҳое андешида шаванд, ки барои ба воқеияти нав мутобиқ шудан, арзёбии хатарҳои эҳтимолӣ ва аз пеш ба онҳо омода шудан мусоидат намоянд — даъват намуд Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар ҷараёни ҳамоиш оид ба мутобиқшавӣ  ба тағйирёбии иқлим, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ.

Ҳодисаҳои фавқулодаи табиии бесобиқа ва кам пешбинишавандаи изтирорӣ боиси вуқӯи ҳолатҳои фавқулодаи миқёсан голабалӣ мешаванд, таъкид кард роҳбари СММ. Дар айни ҳол, тибқи маълумоти Комиссияи глобалӣ оид ба мутобиқшавӣ, агар ҳадди ақалл 24 соат пеш аз вуқӯи тӯфон ё гармои шадид огоҳӣ дошта бошем, пас метавонем зарари онҳоро то 30% коҳиш бидиҳем.

Антонио Гутерриш даъват намуд, ки масоили мутобиқшавӣ ва устуворӣ дар муқобили офатҳои табиӣ баррасӣ ва дар нақшаҳои барқарорсозӣ пас аз пандемияи COVID-19 шомил карда шаванд. Дар робита ба ин, СММ якчанд афзалиятро муайян кардааст.

Якум, ба андешаи ӯ, давлатҳои донор, инчунин бонкҳои рушд бояд дастгирии бештар пешбинишавандаи молиявиро таъмин кунанд. Хароҷоти солона барои мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба тағйирёбии изтирории иқлим дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ 70 миллиард доллар арзёбӣ мешавад ва то солҳои 2030 ва 2050 ин рақамҳо мутаносибан ба 140-300 миллиард ва 280-500 миллиард доллар мерасанд. Бинобар ин, роҳбари СММ пешниҳод мекунад, ки нисфи кумаки молиявии донорҳо ва бонкҳо ҷиҳати мубориза бо тағйирёбии иқлим барои мутобиқшавӣ ва устуворӣ равона карда шавад. Антонио Гутерриш ёдовар шуд, ки бо имзои Созишномаи Париж, кишварҳои сарватманд уҳдадор шуданд, ки ба кишварҳои камбизоат барои нармтар намудани пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба онҳо ҳар сол 100 миллиард доллар ҷудо кунанд.

Дуюм, дар тамоми буҷетҳо ва сармоягузориҳо бояд хатарҳои иқлимӣ ба инобат гирифта шаванд — ин махсусан ба сармоягузориҳо дар инфрасохторҳо дахл дорад. Дабири кулл даъват кард, ки аз афзори мавҷудаи молиявӣ ба таври васеъ истифода шавад ва афзори нави молиявие коркард шаванд, ки  омили алоқамандии сармоягузорон гарданд. Ба гуфтаи вай, ҳар долларе, ки барои устувории инфрасохтор сармоягузорӣ мешавад, метавонад шаш долларро сарфа кунад.

Самти дигар — ин сабук кардани бори гарони қарз ва таъмини дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои кишварҳое, ки нисбат ба тағйирёбии иқлим бештар  осебпазиранд. Дар айни ҳол ҳиссаи кишварҳои камтар рушдёфта ва давлатҳои хурди ҷазиравӣ дар байни гирандагони кумаки молиявии «иқлимӣ» мутаносибан 14% ва 2% -ро ташкил медиҳад. Ҳол он ки  маҳз ҳаминҳо, аз як тараф, нисбат ба дигарон бар асари тағйирёбии иқлим бештар ранҷ мебаранд ва аз тарафи дигар, онҳо барои бартараф намудани пайомадҳои иқлим захираҳои хеле камтар доранд.

Дабири кулл инчунин даъват кард, ки ташаббусҳои минтақавӣ, ки барои мутобиқшавӣ бо воқеияти нав, масалан, “қарз ба ивази мутобиқшавӣ” барои давлатҳои ҷазиравии ҳавзаи Қариб ва ё Уқёнуси Ором нигаронида шудаанд, дастгирӣ карда шаванд.

«Мо дар ихтиёри худ тамоми афзорҳо, дониш ва имконоти зарурӣ дорем, ки дар миқёси васеътар, сареътар ва самараноктар дар соҳаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амал кунем», — изҳор намуд роҳбари СММ ва иштирокчиёни саммитро ба рахна ва муштаракан ба сӯи ояндаи устувор ва одилона рафтан даъват намуд.

Ин ҳамоиш — нахустин мулоқоти сарварони ҷаҳон аст, ки ба ҷанбаҳои иқлимии барқароршавӣ пас аз пандемияи COVID-19 бахшида шудааст. Иштирокчиёни он рӯзномаи ҳамаҷонибаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро барои даҳсолаи оянда баррасӣ мекунанд.

АКСИ БР СММ

Январь 27, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид