«Somon Air» дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе парвози дуюмро роҳандозӣ намуд
ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе парвози дуюмро роҳандозӣ намуд. Минбаъд парвозҳо ба самти Дубай ҳафтае ду маротиба- рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе иҷро мешаванд.
Вақти парвоз аз Душанбе рӯзҳои панҷшанбе соати 04:45, рӯзҳои шанбе соати 20:25 буда, вақти парвоз аз Дубай рӯзҳои панҷшанбе соати 08:45, рӯзҳои якшанбе соати 00:10 ба вақти маҳаллӣ мебошад,- иттилоъ медиҳад ширкати «Сомон Эйр». Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши парвоз ба самти Дубай доранд, бояд иҷозатномаи вуруд ба қаламрави АМА (раводиди сайёҳӣ, истиқоматӣ ва ё корӣ, суғуртаи тиббии амалкунанда, маълумотнома оид ба саломатӣ, ки қаблан дар сомонаи https://www.gcaa.gov.ae/en/ePublication/Pages/OperationalDirectives.aspx?CertID=(DIR) пур шудааст, дар сурати доштани раводиди иқоматӣ ва ё корӣ посухи мусбати барномаи электронии Permit ва Emirates ID корт), ҳамчунин маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест), ки давоми 96 соати пеш аз вуруд дода шудааст, дошта бошанд. Маълумотнома бояд аслӣ бошад, ҳатман ҳама навиштаҷоти он дар компютер ҳуруфчинӣ шуда бошанд (дастхат набошад) ва аз ҷониби муассисаи тиббии дар Pure Health: https://screening.purehealth.ae/application акредитатсияшуда ва ё озмоишгоҳе, ки дар давлати хуруҷ аккредитатсия дорад, бо забони англисӣ пешниҳод карда шавад (ва ё тарҷумаи тасдиқшудаи нотариалии он ба забонҳои англисӣ ё арабӣ ба маълумотнома замима карда шавад). Шахсони мубталои COVID-19 ба парвоз роҳ дода намешаванд.
Ёдовар мешавем, ки барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус (COVID-19) ҷавобгарии чиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Агар ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Дубай маълум шавад, ки маълумотномаи эминӣ аз COVID-19 беэътибор аст ва ё мусофир мубталои COVID-19 аст, тамоми хароҷоти аз ин сабаб бамиёномада ба зиммаи мусофир гузошта мешавад. Бинобар ин аз мусофирон хоҳиш карда мешавад, ки нисбат ба ин талабот масъулият зоҳир намоянд.
Шаҳрвандони хориҷӣ бояд иҷозатномаи вуруд ва ё убури қаламрави АМА, ҳамчунин суғуртаи тиббӣ, маълумотномаи қаблан пуршудаи вазъи саломатӣ ва маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19 (натиҷаи манфии ПСР-тест) пешниҳод намоянд. Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии ПСР-тест), ки давоми 72 соат қабл аз вуруд ба Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, зарур мебошад.
Ба шаҳрвандони АМА барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ лозим нест.
Диққат! Тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Мусофирон бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19) — натиҷаи манфии ПСР-тестро, ки давоми 72 қабл аз вуруд ба Тоҷикистон гирифта шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.
Барои мусофирон дар бинои маъмурии ширкати ҳавопаймоӣ хизматрасонии тасвиби шартномаи суғурта пешниҳод карда мешавад. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва хариди чипта лутфан ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоед.








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






