Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: Бинобар сардиҳои рӯзҳои оянда аз сафарҳои бе зарурат даст кашед!
ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба гузориши Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон 22-23 январи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйир меёбад. Дар водиҳо борон борида, ба барфи тар табдил мешавад, аммо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ барфи сахт хоҳад борид. Ҳаво шабона то 10 дараҷа ва рӯзона то 15 дараҷа сард (ғайр аз ВМКБ) мешавад.
Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар маслиҳат медиҳад, ки қоидаҳои бехатариро ҳатман риоя намоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.
Ҳавошиносон дар ин рӯзҳо ҳавои тираву туман ва сард пешгӯӣ мекунанд. Бинобар вуруди ҳавои сернами баҳри Миёназамин ва ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Россия дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ сардӣ ва шамоли шадид имконпазир буда, дар водиҳо ба дарахтон ва симҳо часпидани барфи тар пешбинӣ шудааст.
Ҳангоми боридани барфи тар агар шумо дар кӯча бошед, ба симҳои барқ диққат диҳед ва агар дидед, ки ҷойе сим аз вазнинии барфи тар ва ё боди сарду сахт канда шудааст, ҳатман ба хадамоти кумаки фаврӣ муроҷиат намоед.
Кумитаи ҳолатҳо фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба ронандаҳо муроҷиат намуда, огоҳ месозад, ки дар сурати яхбандӣ, ҳавои пурборишу сард қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд ва хуб мешуд аз сафарҳои бе зарурат даст кашанд.








ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид






